Ҳамсари Фарзонаи Хуршед 4,4 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фаридуни Хуршед, шавҳарри овозхон Фарзонаи Хуршедро барои нақзи қонунгузорӣ дар гузаронидани маросими гавҳорабандони фарзандаш 4,4 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Тибқи маводи пешниҳодкардаи Кумита оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ, суд исбот кардааст, ки онҳо маҳз маросими гаҳворабандони кӯдакшонро баргузор намудаанд. Аз Кумита оид ба […]

ASIA-Plus



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фаридуни Хуршед, шавҳарри овозхон Фарзонаи Хуршедро барои нақзи қонунгузорӣ дар гузаронидани маросими гавҳорабандони фарзандаш 4,4 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.


Тибқи маводи пешниҳодкардаи Кумита оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ, суд исбот кардааст, ки онҳо маҳз маросими гаҳворабандони кӯдакшонро баргузор намудаанд.

Аз Кумита оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пас аз омӯзиши маводи пешниҳодшуда аз ҷониби оила оид ба баргузор кардани ин маросим дар тарабхона, мутахассисони кумита ба хулоса расидаанд, ки дар он муқаррароти қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо риоя нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи ноябр оилаи овозхонҳо дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт маросими гаҳворабандони духтарчаашон – Закияро баргузор намуданд, ки тобистони ҳамин сол ба дунё омад. Сабаби оғози парванда наворҳои видео ва аксҳои гузошташуда аз ин маросим дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Баъдан Фарзонаи Хуршед дар ин робита изҳор намуда буд, ки маросими мазкур на ба хотири гаҳворабандони духтари ӯ, балки барои баргузор намудани хатнатӯйи 2 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат доир гардида буд.

Мақомоти Кумитаи дин ба

радиои Озодӣ

гуфтаанд, Фаридуни Хуршед моддаи 9-и қонуни танзими ҷашну маросимҳоро нақз карда, дар ин модда зикр шудааст, ки «маъракаҳои гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл танҳо дар доираи оила баргузор карда мешаванд». 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.