«Тоҷик Эйр» парвозҳо ба Сургутро дубора оғоз мекунад

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи«Тоҷик Эйр» аз моҳи декабр ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри хатсайри Душанбе – Сургут – Душанбе шурӯъ мекунад. Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» дар ин робита хабар доданд, парвозҳо ҳафтае як маротиба – рӯзҳои душанбе тариқи ҳавопаймои бароҳати Боинг 737 анҷом дода мешаванд. Ба иттилои манбаъ, давомнокии парвоз дар як самт […]

ASIA-Plus



Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи«Тоҷик Эйр» аз моҳи декабр ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри хатсайри Душанбе – Сургут – Душанбе шурӯъ мекунад.

Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» дар ин робита хабар доданд, парвозҳо ҳафтае як маротиба – рӯзҳои душанбе тариқи ҳавопаймои бароҳати Боинг 737 анҷом дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, давомнокии парвоз дар як самт 3 соату 30 дақиқаро ташкил дода,  арзиши билет 210 евро аст ва тибқи нақша, парвози нахустин ба ин самт санаи 7-уми декабр дар назар аст.

Ширкати «Тоҷик Эйр» мунтазам парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Русия – Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва ҳамчунин шахҳои Бишкек (Қирғизистон), Алмаато (Қазоқистон), Теҳрон (Эрон), Урумчӣ (Чин), Истамбул (Туркия) ва Деҳлӣ (Ҳиндустон)-ро анҷом медиҳад.

Айни замон парки авиатсионии ширкати «Тоҷик Эйр» аз 37 нақлиёти ҳавоӣ иборат аст, ки 12-тоаш дар хатсайрҳо истифода мешаванд (ду Боинги 757-200, ду Боинги 737-400, як Боинги 737-300, як МА-60, ду Ан-28, як Ан-26 ва се чархболи Ми-8МТВ). Боқимонда 25 воситаҳои нақлиёти ҳавоии ширкат (асосан истеҳсоли шӯравӣ) муддати тӯлониест, ки бидуни истифода нигаҳдорӣ мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.