Муовинони аз кор озодшудаи вазири мудофиа дар ихтиёри Раёсати кадрҳо қарор доранд

Ҳамаи муовинони вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр бо қарори ҳукумат аз мансабҳояшон барканор шуданд, дар ихтиёри Раёсати кадрҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ қарор доранд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи кишвар хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, собиқ муовини вазири мудофиа, собиқ сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ генерал-майор Зариф Шарифзода, […]

Аваз Юлдошев



Ҳамаи муовинони вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр бо қарори ҳукумат аз мансабҳояшон барканор шуданд, дар ихтиёри Раёсати кадрҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ қарор доранд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, собиқ муовини вазири мудофиа, собиқ сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ генерал-майор Зариф Шарифзода, собиқ муовинони вазири мудофиа генерал-майорҳо Саидамир Розиқзода ва Суҳроб Маҳмудзода алҳол бекоранд.

Муовини дигар вазири мудофиаи аз кор озодшуда генерал-майор Бобоҷон Саидзода бо фармони президенти мамлакат фармондеҳи Қушӯнҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24 ноябр бо қарори ҳукумат муовини якум ва муовинони вазири мудофиа, сардори раёсати иктишофи (разведкаи) ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

аз ин вазифаҳо озод карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин масъалаи амалиёти зиддитеррористии рӯзҳои 4 – 16 сентябри соли ҷорӣ суратгирифта доир ба несту нобуд кардани гурӯҳи террористӣ, ки ҳадафи ноором сохтани суботу оромии мардум ва халалдор сохтани амнияти мамлакатро дошт, ибрози назар намуда,

мавҷудияти як силсила камбудиву норасоиҳоро дар самтҳои зикршуда

таъкид кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?