Афзоиши маблағгузории БАТР ба азнавсозии фурудгоҳи Хуҷанд

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) барои таҷдиду азнавсозии майдони нишасту парвоз ва харидории таҷҳизоти назоратӣ ба фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Хуҷанд боз бар илова 900 ҳазор доллари ИМА ҷудо мекунад. Аз намояндагии БАТР ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамин тариқ бонк маблағи қарзи ҷудошуда ба фурудгоҳи Хуҷандро то 3,9 млн. доллари ИМА афзун […]

ASIA-Plus



Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) барои таҷдиду азнавсозии майдони нишасту парвоз ва харидории таҷҳизоти назоратӣ ба фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Хуҷанд боз бар илова 900 ҳазор доллари ИМА ҷудо мекунад.

Аз намояндагии БАТР ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамин тариқ бонк маблағи қарзи ҷудошуда ба фурудгоҳи Хуҷандро то 3,9 млн. доллари ИМА афзун мекунад. Маблағи қарзи аввали соли 2013 мувофиқашуда 3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

«Барномаи таҷдиду азнавсозӣ дар фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд амалӣ мешавад, ки аз лиҳози бузургӣ дуюмин фурудгоҳ дар ҷумҳурӣ аст. Таҷдиду азнавсозии фурудгоҳ ба баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ, бахусус дар шароити номусоиди обуҳаво имкон фароҳам меоварад», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи амалисозии лоиҳа таъмиру таҷдиди таъҷилии майдони нишасту парвоз, харидорӣ ва насби таҷҳизоти равшанидиҳандаи бонгзананда ва ҳамчунин насби маякҳо (аломатҳо)-и масофасанҷ ва таҷҳизоти радионавигатсионӣ дар назар аст.

Бино ба маълумоти намояндагии БАТР дар ҶТ, аз 700 ҳазор нафар мусофирони фурудгоҳ дар як сол аксарияташон муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорон мебошанд, ки маблағҳои пулӣ интиқол намуда, ба фаъолияти корӣ дар минтақа мусоидат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз оғози фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон, ин ниҳоди молӣ ба ҷумҳурӣ ҳудуди 610 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.