Иштироки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои АП СААД

Субҳи имрӯз, 26 ноябр ҳайати парламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Пар­ламентӣ (АП)-и Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ширкат варзид. Тавре Х.Қурбонов, мудири  шӯъбаи  Дастгоҳи  Маҷлиси миллӣ оид ба робитаҳои байнипарламентӣ иттилоъ дод, дар […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз, 26 ноябр ҳайати парламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Пар­ламентӣ (АП)-и Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ширкат варзид.

Тавре Х.Қурбонов, мудири  шӯъбаи  Дастгоҳи  Маҷлиси миллӣ оид ба робитаҳои байнипарламентӣ иттилоъ дод, дар ҷаласаи Шӯро дар баробари аъзои Шӯро, ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Ассамблеяи Парламентии СААД, ҳайатҳои парламентии Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти роҳбарии Раиси Ассамблеяи миллӣ Сардор Аёз Содиқ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии Раиси Волеси Джиргаи Ассамблеяи  миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Скупшинаи халқии Сербия ва дигарон ширкат варзиданд.

Шӯрои Ассамблеяи Пар­ламентии СААД масъалаҳоеро, ки ба баррасии Ассамблеяи Пар­ламентии Созмон пешниҳод карда мешаванд, аз ҷумла дар бораи натиҷаҳои ҷаласаи мушовараи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои-иштирокчии СААД оид ба мудофиа ва амният ва мониторинги ҳолати ҳарбӣ-сиёсии амнияти дастаҷамъии СААД дар  минтақаи Осиёи Марказӣ, ки 26-27 майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, доир ба иштироки намояндагони  Ассамблеяи Парламентии Созмон дар маъракаи интихоботи Президенти Қазоқистон, интихоботи вакилони Жогорку Кенеши Қирғизистон, оид ба натиҷаҳои иҷлосияи сентябрии (соли 2015) Шӯрои  амнияти дастаҷамъӣ ва натиҷаҳои фаъолияти кунунии Созмон доир ба мубориза бар зидди даъватҳо ва таҳдидҳо ва ғайраро муҳокима намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.