Машваратҳои нахустини Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯзҳои 17-18 декабр бори нахуст дар Душанбе миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон машваратҳои дуҷониба баргузор мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ миёни Тошканду Душанбе ягон маротиба ба ин монанд машваратҳо гузаронида нашудаанд. Ҳайатҳои ҷонибҳоро дар машваратҳо муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳо роҳбарӣ мекунанд. […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 17-18 декабр бори нахуст дар Душанбе миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон машваратҳои дуҷониба баргузор мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ миёни Тошканду Душанбе ягон маротиба ба ин монанд машваратҳо гузаронида нашудаанд. Ҳайатҳои ҷонибҳоро дар машваратҳо муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳо роҳбарӣ мекунанд.

Зимни машваратҳои дуҷониба масоили муҳиму рӯзмарраи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд. «Ба масъалаҳои рушди муносибатҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи мушкилоти глобалии минтақа, паҳнои ИДМ, вазъ дар Шарқи Наздик ва Афғонистон низ табодули назар мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.