Соли равон 844 тоҷикистонӣ аз ВИЧ сироят ёфт

Ҳамасола санаи 1 декабр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) таҷлил мегардад. Айни замон Вирусии норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) миқёси пандемия (вабое, ки қисми зиёди аҳолии мамлакат ва гурӯҳи кишварҳоро фаро мегирад)-ро ба худ касб намуда, дар тамоми манотиқи ҷаҳон паҳн мешавад. Бино ба маълумоти Барномаи муттаҳидаи СММ оид ба […]

ASIA-Plus



Ҳамасола санаи 1 декабр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо Бемории пазируфтаи норасоии масуният (БПНМ, СПИД) таҷлил мегардад. Айни замон Вирусии норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) миқёси пандемия (вабое, ки қисми зиёди аҳолии мамлакат ва гурӯҳи кишварҳоро фаро мегирад)-ро ба худ касб намуда, дар тамоми манотиқи ҷаҳон паҳн мешавад.

Бино ба маълумоти Барномаи муттаҳидаи СММ оид ба ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД), ҳодисаҳои нахустини гирифторӣ ба ин беморӣ соли 1981 ба қайд гирифта шуда, то ин замон дар саросари ҷаҳон тақрибан 78 млн. нафар ба ин беморӣ мубтало ва ҳудуди 39 млн. нафар аз касалиҳои марбут ба ин беморӣ фавтидаанд. Айни замон дар ҷаҳон беш аз 35 млн. нафар ба ин беморӣ гирифторанд.

Аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин рӯз дар Тоҷикистон дар фурудгоҳи пойтахт, идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон барои муҳоҷироне, ки азми сафар доранд, қайд шуда, ҳамчунин дар чанде аз мактабҳо маъракаи огаҳӣ ёфтан аз ВНМО/БПНМ гузаронида мешавад.

Аз Вазорат хотиррасон намуданд, ки аз 22 то 28 ноябр дар тамоми дармонгоҳҳо (клиникаҳо)-и ҷумҳурӣ ҳафтаи санҷиши ихтиёрӣ гузаронидан аз гирифторӣ ба бемории ВНМО/БПНМ баргузор шуд.

Айни замон шумори гирифторон ба бемории ВНМО/БПНМ дар Тоҷикистон 5 ҳазору 952 нафарро ташкил медиҳад. Танҳо давоми соли равон 884 нафар тоҷикистониён аз ин беморӣ сироят ёфтаанд.

Аз замони сабти нафари аввали ба ин беморӣ мубталошуда дар Тоҷикистон дар соли 1991, то имрӯз 7 ҳазору 402 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин беморӣ сироят ёфта, тӯли ин солҳо 1 ҳазору 450 нафар аз касалиҳои марбут ба ин беморӣ фавтидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио