Вохӯрии С.Аслов бо вазири корҳои хориҷии Олмон ва дабири кулли САҲА

Дар ҳошияи иҷлоси 22-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Белград(Сербия) вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Волтер Штайнмайер дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо авлавиятҳои Олмон дар давраи раёсаташ дар САҲА дар соли 2016, […]



Дар ҳошияи иҷлоси 22-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Белград(Сербия) вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Волтер Штайнмайер дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо авлавиятҳои Олмон дар давраи раёсаташ дар САҲА дар соли 2016, инчунин масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар давраи солҳои 2015-2020-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин дар атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва омилҳои ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдидкунанда мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин Сироҷидин Аслов бо дабири кулли САҲА Ламберто Занниер мулоқот карда, зимни вохӯрӣ Л. Занниер аз сатҳи ҳамкориҳои Созмон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иштироки кишварро дар фаъолияти САҲА муҳим арзёбӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот С. Аслов бо дарназардошти чолишҳои муосир аз созмони мазкур ва ниҳодҳои он даъват ба амал овард, ки ба талошҳои кишварҳои минтақа ҷиҳати таъмини амнияти минтақавӣ мусоидати фаъолтар дошта бошанд. Ҷонибҳо дар масъалаҳои мусоидати Созмон ба раванди татбиқи уҳдадориҳои Тоҷикистон дар ҳар се ченаки САҲА ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва савдои одамон ва дигар мавзӯъҳои мавриди тававвуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.