Кумаки вазири корҳои дохилӣ ба оилаи корманди фавтидаи мақомот дар ВМКБ

Зимни сафар ба ВилоятиМухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳайати гурӯҳ кории ҳукумат вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳмзода аҳли оилаи корманди фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, лейтенанти милитсия Шогунбеков Илҳом Таслимбекович – нозири минтақавии милитсияи ШВКД дар ноҳияи Рӯшонро аёдат кард. Бино ба итилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, вазир ба аҳли оилаи ӯ изҳори ҳамдардӣ баён намуда, […]

ASIA-Plus



Зимни сафар ба ВилоятиМухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳайати гурӯҳ кории ҳукумат вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳмзода аҳли оилаи корманди фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, лейтенанти милитсия Шогунбеков Илҳом Таслимбекович – нозири минтақавии милитсияи ШВКД дар ноҳияи Рӯшонро аёдат кард.

Бино ба итилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, вазир ба аҳли оилаи ӯ изҳори ҳамдардӣ баён намуда, миқдори муайяни пулӣ кӯмаки молӣ расонид.

Гуфта мешавад, тахминан соати 02:00-и шаби 8-уми декабри соли 2015, дар деҳаи Аҷирхмии ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рушон, автомашинаи гуруҳи фаврӣ-тафтишотии ШВКД дар ноҳияи мазкур, ки бо мақсади муайян намудани зарар аз офати табии заминларза ва расонидани кӯмак ба мардум сафарбар гардида буд, зери сангреза монда, дар натиҷаи он лейтенанти милитсия Шогумбеков Илҳом Таслимбекович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Рӯшон, оиладор соҳиби 2-фарзанд, бо бардоштани зарари вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Инчунин 4 нафар кормандони  дигари ШВКД дар ноҳияи Рушон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта буданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.