Таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ»

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ»-ро баррасӣ карданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷалсаи Шӯро ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйироту […]

ASIA-Plus



Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ»-ро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои

сомонаи расмии

палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷалсаи Шӯро ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо ««Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015», «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, аъзои Шӯрои Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлонро низ баррасӣ намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.