Боздошти душанбегии 51-сола бо ҳабҳои «экстази»

Ахири ҳафтаи сипаришуда кормандони милитсия марди 51-солаи истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо ба гумони муомилоти ғайриқонунии моддаҳои психотропӣ дастгир карданд. Боздоштшуда  қаблан низ бо моддаи 201 КҶ ҶТ (Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) суд шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вақти кофтукови автомашинаи шахсиии номбурда тамғаи “Лексус”, 8-адад ҳабҳои рангашон зард […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда кормандони милитсия марди 51-солаи истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо ба гумони муомилоти ғайриқонунии моддаҳои психотропӣ дастгир карданд. Боздоштшуда  қаблан низ бо моддаи 201 КҶ ҶТ (Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) суд шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вақти кофтукови автомашинаи шахсиии номбурда тамғаи “Лексус”, 8-адад ҳабҳои рангашон зард дарёфт ва мусодира гардидааст.

Гуфта мешавад, ташхис нишон додааст, ки ҳабҳои дарёфтшуда ба маводи психотропии МДМА – «эстази» мансуб буда, вазнашон 1,9554-граммро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.