БМТ ташкилотҳои қарзиро ба нашри маълумот оид ба воҳидҳои сохторӣ уҳдадор кард

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ташкилотҳои қарзиро вазифадор намуд, ки маълумотҳо оид ба амалиётҳои анҷомдодашавандаи воҳидҳои сохторӣ (филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пулӣ ва воҳидҳои сайёр)-ро дар сомонаи расмии худ то санаи 21 декабри соли 2015 ҷойгир намоянд. Дар ин бора дар дастури Бонки миллӣ ба ташкилотҳои қарзӣ сухан меравад, ки дар торнамои расмии БМТ […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ташкилотҳои қарзиро вазифадор намуд, ки маълумотҳо оид ба амалиётҳои анҷомдодашавандаи воҳидҳои сохторӣ (филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пулӣ ва воҳидҳои сайёр)-ро дар сомонаи расмии худ то санаи 21 декабри соли 2015 ҷойгир намоянд.

Дар ин бора дар дастури Бонки миллӣ ба ташкилотҳои қарзӣ сухан меравад, ки дар торнамои расмии БМТ интишор шудааст.

 Гуфта мешавад, ташкилотҳои қарзи кишвар ҳамчунин вазифадор карда мешаванд, ки суроғаи аниқи ҷойгиршавӣ ва реҷаи кории воҳидҳои сохтории худро низ нашр намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки дастури нави Бонки миллӣ бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолият ва дастрас шудани маълумотҳо оид ба номгӯй хизматрасониҳои бонкие, ки воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар анҷом медиҳанд, қабул карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.