Ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар Чин

Имрӯз дар шаҳри Чжэнжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи 14-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и кишварҳои узви Созмони ҳмкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ мекунад. Дар ҷаласа бо даъвати нахуствазири Шӯрои давлатии Чин Ли Кетсян нахуствазирони Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Қазоқистон – Карим Масимов, Қирғизистон – Темир Сариев, Русия – Дмитрий Медведев, муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон – Рустам […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз дар шаҳри Чжэнжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи 14-уми Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и кишварҳои узви Созмони ҳмкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ мекунад.

Дар ҷаласа бо даъвати нахуствазири Шӯрои давлатии Чин Ли Кетсян нахуствазирони Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Қазоқистон – Карим Масимов, Қирғизистон – Темир Сариев, Русия – Дмитрий Медведев, муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон – Рустам Азимов ва ҳамчунин роҳбарони ҳукумати кишварҳои нозири СҲШ бо шумули Афғонистон, Беларус, Ҳиндустон, Эрон Муғулистон ва Покистон иштирок мекунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Чин, дар ин чорабинӣ ҳамчунин намояндагони Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором, АСЕАН ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ ҳузур хоҳанд дошт.

Дар ҷаласа ба масъалаҳои омӯзиши вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо дар доираи СҲШ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, ҳамкориҳои молиявӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин атрофи масоили имконоту таҳдидҳои зуҳурёфта зимни амалисозии ҳамаҷониба густариш додани ҳамкориҳо дар доираи СҲШ дар бахшҳои гуногун, ҳавасмандсозии ҳамкориии минтақавии иқтисодӣ дар чаҳорчӯби ташабббуси «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» табодули назар мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа имзо баёнияи муштарак дар назар аст, ки санади ниҳоӣ оид ба ҳамкории воқеъгаронаи СҲШ дар соли равон ва сармашқи амали кори созмон дар оянда хоҳад буд.

Бино ба маълумоти ВАО, баъди ба итмом расидани ҷаласа иштирокдорони онро раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ҳузур мепазирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.