Даъвати ҲХДТ ҷиҳати кумак ба оседидагон аз офат дар ВМКБ



Дар ҷаласаи таъҷилии дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми раиси ҳизб Саидмурод Фаттоҳзода дар бораи кумак ба осебдидагон аз заминларза дар ВМКБ қарор қабул шуд.

Котиби матбуотии ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, тасмим гирифта шудааст, ки музди меҳнати якрӯзаи ҳамаи кормандони Дастгоҳи КИМ ҳизб, идораи нашрияи «Минбари халқ», кормандони тамоми комиҷроияҳои ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба суратҳисоби махсуси ифтитоҳшуда барои зарардидагон аз офати табиӣ гузаронида шавад.

Зимнан зикр гардид, ки КИМ ҲХДТ ба ҷонибдорони ҳизб, соҳибкорон – аъзои ҲХДТ муроҷиат намуда, аз онҳо дархост кард, ки ба осебдидагон аз офат мувофиқи имкон кумак расонанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 260 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное