Даъвати ҲХДТ ҷиҳати кумак ба оседидагон аз офат дар ВМКБ

Дар ҷаласаи таъҷилии дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми раиси ҳизб Саидмурод Фаттоҳзода дар бораи кумак ба осебдидагон аз заминларза дар ВМКБ қарор қабул шуд. Котиби матбуотии ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, тасмим гирифта шудааст, ки музди меҳнати якрӯзаи ҳамаи кормандони Дастгоҳи КИМ ҳизб, идораи […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи таъҷилии дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми раиси ҳизб Саидмурод Фаттоҳзода дар бораи кумак ба осебдидагон аз заминларза дар ВМКБ қарор қабул шуд.

Котиби матбуотии ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, тасмим гирифта шудааст, ки музди меҳнати якрӯзаи ҳамаи кормандони Дастгоҳи КИМ ҳизб, идораи нашрияи «Минбари халқ», кормандони тамоми комиҷроияҳои ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба суратҳисоби махсуси ифтитоҳшуда барои зарардидагон аз офати табиӣ гузаронида шавад.

Зимнан зикр гардид, ки КИМ ҲХДТ ба ҷонибдорони ҳизб, соҳибкорон – аъзои ҲХДТ муроҷиат намуда, аз онҳо дархост кард, ки ба осебдидагон аз офат мувофиқи имкон кумак расонанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 260 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.