Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дастгирӣ кард.
Мутобиқи тағйироту иловаҳои мазкур дар Тоҷикистон ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон таъсис дода мешавад. Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдаконро ба муҳлати панҷ сол президент таъин карда, номзадии ӯ дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумон тасдиқ ва ӯ дар ин ҷо бояд савганд ёд кунад.
Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вакил Маҳмадалӣ Ватанзода изҳор дошт, ки ба ин мансаб шахси синни болотар аз 35-солаи дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ таъин шуда метавонад. Дар ҳамин ҳол, як нафар на зиёдтар аз ду муҳлат пайдарпай ба ин вазифа таъин мегардад.
Масъалаи таъсиси ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон дар Тоҷикистон дар Паёми президент ба парлумон рӯзи 23 январи соли 2015 садо дода буд.
Ба андешаи раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, «Омбудсмени кишвар оид ба ҳуқуқи кӯдакон бояд чун ҳамтои русиягии худ Павел Астахов бошад, ки боисрор аз ҳуқуқҳои шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистон Умаралӣ Назарови моҳи октябр дар шаҳри Санкт-Петербург ҳалокшуда ҳимоят кард».
Дар ҷаласаи парлумон таъкид шуд, ки Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдакон дар навбати аввал бояд ба мушкилоти беш аз 46 ҳазор нафар ятимон, аз ҷумла беш аз 2 ҳазор нафар ятимони маҳрум аз падару модар ва ҳамчунин ҳалли мушкили худкушӣ миёни кӯдакон , ба мактабҳо баргардонидани зиёда аз 2 ҳазору 600 нафар шаҳрвандони хурдсоли Тоҷикистон, ки имрӯз ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намояд.
Дар акс:
Павел Астахов
– Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон дар Русия.



