Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Сарвазир, Вазири умури президентии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Мансур ибни Зойид Оли Наҳён мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили васеи ҳамкориҳо байни ду кишвар табодули назар карда, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои дуҷониба бо Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб авлавият медиҳад ва ҳавасманди рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судманд бо ин кишвар мебошад.
Ҷонибҳо инчунин зарурати ба роҳ мондани тамосу мулоқотҳои мунтазами сатҳи олиро таъкид намуда, масъалаи сафарҳои мутақобилаи роҳбарони ду кишварро баррасӣ карданд.
Сироҷиддин Аслов бо директори генералии Фонди Абӯ Забӣ оид ба рушд Муҳаммад ас-Сувайдӣ мулоқот анҷом дода, зимни вохӯрӣт масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва муассисаҳои молиявии арабӣ, аз ҷумла Фонди Абӯ Забӣ оид ба рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бо изҳори қаноатмандӣ аз робитаҳои неки сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҷиҳати роҳандозии ҳамкории муассир дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ дар бахшҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ иқдомоти лозима анҷом хоҳанд дод.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳо роҷеъ ба мусоидати Фонди Абӯ Забӣ оид ба рушд дар бартарафсозии паёмадҳои нохуши заминларзаи рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин дар қароргоҳи худ дар шаҳри Абӯ Забӣ Директор генералии Агентии байналмилалии нерӯи таҷдидшаванда (IRENA) Аднон Аминро ба ҳузур пазируфта,зимни мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти байналмилалӣ ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо бо дарназардошти захираҳои бузурги нерӯи тоза дар Тоҷикистон доир ба ҷалби имкониятҳои IRENA ба раванди татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии кишвар табодули назар намуданд.



