Боздошти ду зани сокини пойтахт барои ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ

Ду зани сокини шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ дастгир шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ахири ҳафтаи гузашта зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як зани 25-сола ва як зани 26-солаи сокинони шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ҷалби одамон барои истисмор дастгир карда шуданд. Гуфта […]

ASIA-Plus



Ду зани сокини шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ дастгир шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ахири ҳафтаи гузашта зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як зани 25-сола ва як зани 26-солаи сокинони шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ҷалби одамон барои истисмор дастгир карда шуданд.

Гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршудаҳо бо маслиҳати пешакӣ бо зане тахаллусаш “Хола”, ки айни замон дар шаҳри Дубайи АМА қарор дорад, бо мақсади ҷалб ва ба истисмори шаҳвонӣ гирифтор намудани зани 26-солаи сокини ноҳияи Восеъ, аз ҳисоби худ раводид, шиноснома ва чипта харидорӣ намуда, рӯзи 16  декабр ӯро ба воситаи ҳавопаймо ба шаҳри Дубайи АМА равон кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.