Ҷаримабандии сокини Душанбе барои «кондукторӣ»-и писараш дар нақлиёти ҷамъиятӣ

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт модари як ноболиғро барои дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҳайси кондуктор (пулчинак) кор карданаш ҷарима кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, модари ноболиғ Мастура Очилдиева ба риоя накардани муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гунаҳкор дониста шуда, дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷаримабандӣ […]

ASIA-Plus



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт модари як ноболиғро барои дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҳайси кондуктор (пулчинак) кор карданаш ҷарима кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, модари ноболиғ Мастура Очилдиева ба риоя накардани муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гунаҳкор дониста шуда, дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.

Гуфта мешавад, М.Очилдиева аз соли 2009-ум то инҷониб ба таълим фаро гирифтани фарзандаш Очилдиев Ф.М.-ро таъмин накарда, дар хатсайри №22 фарзандаш ба фаъолияти маблағғундорӣ – «кондукторӣ» машғул будааст.

Мастура Очилдиева худро гунаҳгор шуморида баёнот додааст, ки аз сабаби танқисии рўзгор аз соли 2009-ум то инҷониб ба таълим фаро гирифтани фарзандаш Очилдиев Ф.М.-ро таъмин накардааст. Фарзандаш Фазлиддин қаблан дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст. Шавҳараш бекор дар хона бемор мебошад.

Шарҳ дода мешавад, ки мутобиқи моддаи 8 сархати 18-и қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», падару модар уҳдадоранд ба ҷалб намудани фарзанд ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии ӯ зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва равонии фарзанд халал мерасонанд, иҷозат надиҳанд. Ҳамчунин волидон уҳдадоранд, ки ба таҳсили фарзандонашон дар мактаб монеъ эҷод насозанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.