Tethys, CNPC ва Total бояд 25%-и майдонҳоро ба ҳукумати Тоҷикистон баргардонанд

Геологҳои тоҷик фаъолияти Bokhtar Operating Company (BOC), ки ширкатҳои Tethys Petroleum Limited, Корпоратсияи миллии нафтии Чин (CNPC) ва Total Exploration and Production (Total)-ро муттаҳид месозад, ғайриқаноатбахш арзёбӣ мекунанд. Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Хол дар ин робита изҳор намуд, ки ахири соли гузашта дар вохӯрӣ бо раҳбарияти ВОС аз он изҳори нигаронӣ шуда […]

Пайрав Чоршанбиев



Геологҳои тоҷик фаъолияти Bokhtar Operating Company (BOC), ки ширкатҳои Tethys Petroleum Limited, Корпоратсияи миллии нафтии Чин (CNPC) ва Total Exploration and Production (Total)-ро муттаҳид месозад, ғайриқаноатбахш арзёбӣ мекунанд.

Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Хол дар ин робита изҳор намуд, ки ахири соли гузашта дар вохӯрӣ бо раҳбарияти ВОС аз он изҳори нигаронӣ шуда буд, ки тӯли 7 соли фаъолият оид ба ҷустуҷӯи майдонҳои нафтугаздор дар ҷумҳурӣ ҳеҷ натиҷаи муайяне ҳосил нашудааст. «Давоми ҳамин сол онҳо бояд 25%-и майдонҳои ояндадори нафту газро ба ҳукумат баргардонанд», – гуфт ӯ.

Аз шарҳи минбаъдаи ин масъала Мурод Хол худдорӣ варзида, қайд кард: «Вақте гуфта мешавад, ки фаъолияти ширкат ғайриқаноатбахш арзёбӣ мешавад, ин посух ба ҳамаи саволҳост».

Қобили зикр аст, ки Ширкати Tethys Petroleum Limited аз соли 2008 дар Тоҷикистон фаъолият дошта, барои корҳои иктишофӣ дар майдони бузурги минтақаи ҷанубу ғарб (тақрибан 36 ҳазор мети мураббаъ) иҷозатнома гирифт. Иҷозатнома аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба муддати 25 сол бо шартҳои мусоид дода шуда буд.

Ахири моҳи июли соли 2012 раҳбарияти ширкат изҳор дошт, ки дар ҷараёни баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар кони Бохтар «захираҳои хеле бузург»-и нафту газ дарёфт шуданд.

Коршиносони ширкат ин захираҳоро бидуни омили хавф 27,5 млрд. баррел нафт арзёбӣ карданд, ки 69%-аш ба газ ва 31%-аш ба нафт ва конденсати газӣ рост меояд.

Пас аз ин изҳорот ба захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ширкатҳои маъруфи ҷаҳон ба монанди CNPC ва Total таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Моҳи июли соли 2013 Tethys , Total ва CNPC дар бораи пешниҳоди ҳиссаи иштирок Шартнома ба имзо расонида, мутобиқи он ҳар кадоме аз тарафҳо ба сеяки ҳиссаи иштирок (33,335%) дар Созишномаи Бохтар оид ба тақсими маҳсулот соҳиб шуд.

Ахири моҳи октябри соли гузашта Ширкати нафту гази Tethys Petroleum Limited-и Канада

изҳор дошт

, ки метавонад аз лоиҳаи коркарди кони бузурги нафту газ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон хориҷ шавад.

Дар сомонаи расмии Tethys дар ин робита 

зикр гардида буд

, ки ширкат иҷрои уҳдадориҳои молиявии худ аз рӯи лоиҳаи коркарди кони Бохтар набаромада, аз ин рӯ, шарикони Tethys адар ин лоиҳа – Корпоратсияи миллии нафти Чин (CNPC) ва Total Exploration and Production (Total)-и Фаронса талаб кардаанд, ки ширкати канадагӣ аз Созишномаи Бохтар оид ба фаъолияти муштарак хориҷ шавад.

Tethys дар маълумоти худ таъкид дошта буд, ки барои ҳимояи манфиатҳои худ дар лоиҳаи коркарди кони «Бохтар» аз тамоми имконоту талошҳои аз нигоҳи тиҷоратӣ қобили қабул истифода хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд