Порагирон минбаъд метавонанд бар ивази пардохти ҷарима озод шаванд

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба чанде аз моддаҳои марбут ба порадиҳиву порагирии Кодекси ҷиноиро таҳия ва ба баррасии вакилони парлумон пешниҳод кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи ин тағйирот, минбаъд шахсоне, ки барои содир намудани ҷинояти марбут ба порагирӣ маҳкум шудаанд, метавонанд ба ивази пардохти […]

Аваз Юлдошев



Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба чанде аз моддаҳои марбут ба порадиҳиву порагирии Кодекси ҷиноиро таҳия ва ба баррасии вакилони парлумон пешниҳод кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи ин тағйирот, минбаъд шахсоне, ки барои содир намудани ҷинояти марбут ба порагирӣ маҳкум шудаанд, метавонанд ба ивази пардохти ҷаримаи пулӣ озод карда шаванд.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ изҳор дошт, ки ҳаҷми ҷаримаҳои пулиро судҳо муайян карда, ҳамчунин он аз сатҳи вазнинии ҷазо низ вобаста хоҳад буд.

Айни замон мутобиқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷинояти марбут ба порагирӣ ба муҳлати аз 5 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ ва дар баъзе ҳолатҳо бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи 320-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои додани пора ҷазои маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер