Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Хол ба журналистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба идомаи корҳои геологиву иктишофии нафту газ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони ширкати русиягии Gazprom Services International B.V. (корхонаи фаръии ҶСК «Газпром») манфиатдор аст.
«Мутахассисони Газпром дар тамоми ҷаҳон маъруфанд, онҳо ба истихроҷи нафту газ ҳатто дар тунукоба (шел)-и Арктика низ машғуланд. Аз ин рӯ, мо ҷонибдори онем, ки ин ширкат ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон идома бахшад», – гуфт ӯ.
Мурод Хол қайд кард, ки имсол ба ҳамагон дар бораи натиҷаҳои корҳои гузаронида дар чоҳи «Шаҳринав», ки дар минтақаи ғарби кишвар воқеъ аст, маълумот дода хоҳад шуд.
Зимнан зикр гардид, ки чоҳи мазкур бо чуқурии 6,5 ҳазор метр чоҳи чуқуртарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Қаблан
зикр гардида буд
, ки «алҳол корҳо дар ин чоҳ мутаваққиф шуда, дар он канданиҳои фоиданоки ҳаҷми зарурӣ барои саноат дарёфт нашудааст».
Дар ҳамин ҳол, Мурод Хол таъкид дошт, ки корхонаи фаръии ширкати «Газпром» дар майдони «Шоҳамбарии Ғарбӣ» ба корҳои пармакунии чоҳи нав оғоз карданист. «Мо ба мувофиқа расидем, ки имсол ҳамроҳ бба баргузор кардани корҳои геофизикӣ оғоз мебахшем, ки муддати 2-3 сол идома меёбанд. Пас аз ин ширкат барои пармаккунии чоҳи дуюм иҷозатнома мегирад», – афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки соли 2014 ҶСК «Газпром» аз баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар ду майдони ояндадори нафту гази дорои иҷозатномаи Тоҷикистон – Саргазон (дар ноҳияи Данағра) ва Ренгон (дар 20 километрии ҷануби шаҳри Душанбе)
даст кашида буд.
Нимаи соли гузашта
иттилоъ дода будем,
ки Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида «Зарубежнефтегаз» (корхонаи фаръии ҶСК «Газпром) нимаи дуюми соли равон ба корҳои иктишофӣ дар майдони нафту гази Шоҳомбарии Ғарбӣ ҳусни оғоз бахшиданист.
Тибқи арзёбии пешакии гузаронидашуда, захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд. Ҳаҷми сармоягузориҳо ба корҳои иктишофу ҷустуҷӯи геологӣ дар минтақаи «Сариқамиш» беш аз 1,5 млрд. рубли русиро ташкил медиҳанд.
Ҳаҷми сармоягузориҳои умумии «Газпром» ба корҳои иктишофи геологӣ дар майдонҳои дорои иҷозатномаи Тоҷикистон аз оғози корҳо беш аз 5,5 млрд. рублро ташкил медиҳанд. Талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад.
Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.


