Душанберо боз заминларзаи 4 балла такон дод

Соати 01-05 дақиқаи вақти маҳаллии шаби 12 ба 13-уми январ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза эҳсос шуд. Аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки маркази заминларза дар 282 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон ҷойгир будааст. Қувваи заминларза дар марказаш 5 балл, шаҳри Душанбе – 4 балл […]



Соати 01-05 дақиқаи вақти маҳаллии шаби 12 ба 13-уми январ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза эҳсос шуд.

Аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки маркази заминларза дар 282 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон ҷойгир будааст.

Қувваи заминларза дар марказаш 5 балл, шаҳри Душанбе – 4 балл ва дар ноҳияҳои Рашту Ёвон – 3 баллро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки ахиран заминларза дар Тоҷикистон рӯзи 8 январ рух дода, қувваи он дар Душанбе 3 баллро ташкил дода буд.

Заминларзаи бештар харобиовар дар қаламрави Тоҷикистон ахиран санаи 7 декабри соли гузашта рух дода буд, ки бар асари он дар қаламрави ВМКБ беш аз 1,3 ҳазор манзил қисман ё пурра хароб гардида, ҳудуди 8 ҳазор нафар маҷбур шуданд, ки манзилҳояшонро тарк кунанд.

Ҳамчунин аз ин заминларза иншооту зербинои муҳим, аз ҷумла роҳу муассисаҳои тиббӣ, мактабу нерӯгоҳҳои барқӣ низ осеб диданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.