Шеъри полковники милитсияи тоҷик бахшида ба Пешвои миллат

Мудири кафедраи забонҳои Академияи ВКД Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Азиза Давлатшоева бахшида ба Пешвои миллат – президенти Тоҷикистон шеър эҷод кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шеъри ӯ бахшида ба Пешвои миллат дар ҷамъомади тантанавӣ дар Академияи ВКД оид ба мавзӯи «Омӯзиши қонуни «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои […]



Мудири кафедраи забонҳои Академияи ВКД Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Азиза Давлатшоева бахшида ба Пешвои миллат – президенти Тоҷикистон шеър эҷод кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шеъри ӯ бахшида ба Пешвои миллат дар ҷамъомади тантанавӣ дар Академияи ВКД оид ба мавзӯи «Омӯзиши қонуни «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қироат карда шуд.

Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ назди курсантони Академия муовини аввали сардори Академия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Абдусаттор Шоҳиён оид ба моҳияти қонуни зикршуда изҳори андеша карда, қабули онро амалӣ гардидани орзуву ормони мардуми тоҷик арзёбӣ намуд ва иброз дошт, ки ин қонун бо мақсади тақвияти сохтори конститутсионии кишвар қабул гардида, омӯзишу дар амал татбиқ намудани он барои аҳли ҷомеа муфид мебошад.

«Баргузории чунин чорабиниҳо пеш аз ҳама ба сатҳи донишомӯзиву ҷаҳонбинии ҷавонон, хусусан, курсантону шунавандагони Академияи ВКД ва ба баланд гардидани рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳии ин насли ояндасоз таъсири мусбат мерасонад», – гуфта мешавад дар хабари маркази матбуоти ВКД.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.