Мудири кафедраи забонҳои Академияи ВКД Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Азиза Давлатшоева бахшида ба Пешвои миллат – президенти Тоҷикистон шеър эҷод кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шеъри ӯ бахшида ба Пешвои миллат дар ҷамъомади тантанавӣ дар Академияи ВКД оид ба мавзӯи «Омӯзиши қонуни «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қироат карда шуд.
Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ назди курсантони Академия муовини аввали сардори Академия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Абдусаттор Шоҳиён оид ба моҳияти қонуни зикршуда изҳори андеша карда, қабули онро амалӣ гардидани орзуву ормони мардуми тоҷик арзёбӣ намуд ва иброз дошт, ки ин қонун бо мақсади тақвияти сохтори конститутсионии кишвар қабул гардида, омӯзишу дар амал татбиқ намудани он барои аҳли ҷомеа муфид мебошад.
«Баргузории чунин чорабиниҳо пеш аз ҳама ба сатҳи донишомӯзиву ҷаҳонбинии ҷавонон, хусусан, курсантону шунавандагони Академияи ВКД ва ба баланд гардидани рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳии ин насли ояндасоз таъсири мусбат мерасонад», – гуфта мешавад дар хабари маркази матбуоти ВКД.


