Барои таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ 2 млрд. $ лозим аст

Date:



Барои пурра таъмин намудани аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ 2 млрд. доллари ИМА маблағ ва 85 сол лозим аст.

Директори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Исломзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ҳамагӣ 57% аҳолии ҷумҳурӣ бо оби ошомиданӣ таъминанд.

«Ҳанӯз соли 2013 мо бо ҷалби ҳудуди 1,5 ҳазор нафар мутахассисон муддати се моҳ масъалаи таъмини 43% боқимонда аҳолии кишвар бо оби ошомиданиро омӯхтему таҳқиқ кардем ва хулосаҳоямонро ба ҳукумат пешниҳод намудем», – гуфт ӯ.

А.Исломзода таъкид намуд, ки агар ҳамасола 54 млн. доллари ИМА ҷалб ва азхуд карда шавад, мутаносибан барои ин кор беш аз 2 млрд. доллари ИМА ва 85 сол лозим аст.

«Мо тасмим гирифтем, ки Фонди рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ таъсис бидиҳем, то ки ба он воситаҳои ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ҷалб карда шаванд. Чанде аз ниҳодҳо имкон ва муҳимаш хоҳиш доштанд, ки ба ин фонд воситаҳо пешниҳод намоянд, аммо Вазорати молия аз ин воситаҳо даст кашид, зеро дар баробари грант дар он қарз ҳам вуҷуд дошт», – гуфт директори корхона.

Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки давоми соли равон Фонди рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ таъсис дода хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...