Ҳукумати Қирғизистон шартнома дар бораи сарҳад бо Тоҷикистонро маъқул шуморид

Date:



Дар ҷаласаи рӯзи 15 январи ҳукумати Қирғизистон лоиҳаи шартнома дар бораи аломатгузорӣ дар қисмате аз сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон дар масофаи ҳудуди 520 километр маъқул шуморида шуд. Дар ин бора


хадамоти матбуоти


ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи мазкур муовини аввали нахуствазири ин кишвар Аали Карашев, ки ҳамзамон роҳбари комиссияи аломатгузорӣ ва таъйини сарҳад аст, изҳор доштааст, ки баррасии масъалаи аломатгузории сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон охири соли 1990 оғоз гардид.

«Лекин ҷонибҳо ба қарори ягона нарасиданд, солҳои 2000-ум корҳо дар ин самт идома ёфтанд, ин ҷараёни душвор аст, зеро омӯзиши маводи бойгонии чандин кишвар, ки дар харитаҳои топографӣ дарҷ шудаанд, зарур аст», – гуфтааст А.Карашев.

Ӯ таъкид доштааст, ки масъалаи аломатгузории сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон «ба туфайли гуфтушуниди сарони кишварҳои ҳарду кишвар дар моҳи майи соли 2013 ба пешравӣ муваффақ шуд».

«Аз 971 километри умумӣ Комиссияи аломатгузорӣ ва таъйини сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон 519,9 километри хатти марзи давлатиро мувофиқа карда, моҳи ноябри соли гузашта дар Бишкек тасмим гирифта шуд, ки санадҳои аломатгузории 519,9 километри зикршуда ба имзо расанд», – қайд кардааст А.Карашев.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...