Гузориши Oxfam: 62 нафар соҳиби нисфи тамоми пулҳои сайёраанд

Date:



Вазъи 1%-и оилаҳои бойтарини ҷаҳон ба вазъи боқимондаи инсоният баробар шуд, гуфта мешавад дар гузориши созмони хайрияи 


Oxfam


. Ҳисобу китоби худро созмон бо маълумоти моҳи октябри Credit Suisse анҷом додааст.

Дар гузориш қайд мешавад, ки соли 2009 1%-и сокинони доротарини сайёра ҳамагӣ ба 44% тамоми боигариҳои ҷаҳон, соли 2014 – ба 48% ё худ 2,7 млн. одам ба ҳисоби миёна соҳиб буданд. Барои дар феҳристи ин 1% қарор доштан, мебояд дар маҷмӯъ на камтар аз 760 000 $ дошт, барои дар рӯйхати 10% одамони доротарини сайёра ҷой гирифтан мебояд аз 69 000 $ зиёдтар маблағ дошт.

Ғайр аз ин дар гузориш зикр мегардад, ки дороии 62 нафар одамони бойтарини сайёра ба ҳаҷми дороиҳои нисфи аҳолии камбизоттарини Замин баробар аст. Дар гузориши соли 2014 бо аҳолии камбизоаттрини сайёра 85 нафар одамони бойтарин баробар буданд. Соли 2010 ин нишондиҳанда 388 нафарро ташкил медод.

«Ба ҷойи иқтисод, ки барои некӯаҳволии умумӣ кор мекунад, барои наслҳои оянда ва сайёра мо иқтисод барои 1%-ро бунёд кардем», – таъкид месозанд таҳлилгарони Oxfam.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти Oxfam гувоҳи онанд, ки вазъи умумии нисфи камбизоаттарин аҳолии инсоният аз соли 2000 беш аз триллион доллар коҳиш ёфтааст.

Сабабҳои афзоиши фарқ миёни қишри камбизоат ва бештар дорои аҳолиро созмон имтиёзҳои андозии бештар дастрас ба қишри дорои аҳолӣ, афзоиши тафовути ҳақмузди бештар зиёд ва камтарини кор ва коҳиши мукофотпулиҳо ба коргарон унвон мекунад.

Муаллифони гузориш аз ҳукуматҳои тамоми кишварҳои ҷаҳон даъват мекунанд, ки барои кам кардани нобаробарии амволӣ тадбирҳо андешанд.

Аз ҷумла онҳо даъват мекунанд, ки фарқ миёни маоши топ-менеҷерҳо ва кормандони қаторӣ ва тафовутҳои гендерӣ дар пардохти ҳақмузди кор кам шуда, ҳуқуқҳои занону мардон ба дар ихтиёр доштани амволи ғайриманқул ва мерос баробар карда шавад.

Онҳо ҳамчунин аз ҳукуматҳо даъват мекунанд, ки мақсадҳои лоббистҳо (миёнаравҳо миёни гурӯҳҳои молӣ, сиёсӣ ё касбӣ ва мансабдорони давлатӣ, вакилон) ба эътидол оварда шуда, нархи доруворӣ поин бурда шавад ва андоз на ба истеъмол, балки ба дороӣ боло бурда шавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...