Як зани тоҷикистонӣ нахустин қурбонии зукоми хук дар Маскав

Як зани 37-солаи шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Маскав аз бемории зукоми хук даргузашт. ВАО-и Русия дар ин робита менависанд, шурӯъ аз соли 2011 ин нахустин ҳодисаи марг аз вируси H1N1 аст. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба LifeNews.Ru, ин зан дар ибтидои ҳафтаи равон бо аломатҳои пневмонияи ғайримуқаррарӣ ба бемористони рақами 31 оварда […]



Як зани 37-солаи шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Маскав аз бемории зукоми хук даргузашт. ВАО-и Русия дар ин робита менависанд, шурӯъ аз соли 2011 ин нахустин ҳодисаи марг аз вируси H1N1 аст.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

бо истинод ба LifeNews.Ru, ин зан дар ибтидои ҳафтаи равон бо аломатҳои пневмонияи ғайримуқаррарӣ ба бемористони рақами 31 оварда шуда, таҳлили муқаддамотӣ дар банади ӯ вуҷуди штамми  A/H1N1-ро нишон додааст. Баъди ин, зани маризро ба бахши реаниматсия хобондаанд, вале талошҳои табибон барои наҷоти ҷони ӯ натиҷа надодааст ва ӯ шаби 20 ба 21 январ вафот кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсия) боз як марди 47-сола низ бо ташхиси чунин беморӣ бистарӣ шудааст.

Радиои Озодӣ бо такя ба маълумоти нашрияи “Московский комсомолетс”-и чопи Маскав дар ин робита ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки  нафари фавтида Соҳиба Мустафоқулова ном дошта, якуним сол пеш ба Маскав омадааст. Онҳое ки бо ин зан дар як манзил иҷора менишастанд, ба ин нашрия гуфтаанд, ки Соҳиба чанд рӯз худро бад ҳис мекард ва рӯзи 13 январ ба бемористон афтод ва соати даҳи шаби 20 ба 21 январ дар бемористони рақами 31 даргузаштааст.

Ҳамхонаҳои ин зан гуфтаанд, ки ӯ аз шавҳараш ҷудо шуда, як писари 10-сола дошт, ки дар Тоҷикистон монда, Маскав коркунӣ омада буд. Соҳиба тоза аснодашро барои гирифтани патент омода карда, мехостааст дар як коргоҳи дӯзандагии Маскав ба кор дарояд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи баъзе овозаҳо, Соҳиба якумин қурбонии бемории зукоми хук набуда, қаблан моҳи январ аз ин беморӣ боз як нафар даргузаштааст.

Сармутахассис оид ба амрози сироятии департаменти тандурустии шаҳри Маскав Николай Малишев низ ин ҳодисаи марговарро ба хабаргузории «Москва» тасдиқ намуда, изҳор доштааст, ки имсол 1 ҳодисаи марг аз зкуом ба қайд гирифта шудааст.

«Ин ҳодисаи ягона аст. Муҳимаш ин муроҷиати дер ба табиб аст, зеро ҳамаи дорувории тиббии мо ду-се рӯзи аввал пурсамар таъсир мекунанд, дар идома самаранокии онҳо ба таври қобили мулоҳиза паст мешавад», – иброз доштааст Малишев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.