Чиниҳо заминҳои шоликорӣ дар Тоҷикистонро то 700 гектар зиёд мекунанд

Фермерони Чин ният доранд, ки дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ заминҳои кишт дар минтақаи ҷануби ҷумҳуриро зиёд карда, киштукор дар заминҳои шоликориро то ба 700 гектар расонанд. Вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар соҳаи кишоварии кишвар се ширкат бо сармоягузории Чин машғули кор […]



Фермерони Чин ният доранд, ки дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ заминҳои кишт дар минтақаи ҷануби ҷумҳуриро зиёд карда, киштукор дар заминҳои шоликориро то ба 700 гектар расонанд.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар соҳаи кишоварии кишвар се ширкат бо сармоягузории Чин машғули кор аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар қаламрави ҷумҳурӣ ширкати чинии «Тсинян Инхай» машғули кор аст, ки дар ноҳияи Ёвон ҳудуди 300 гектар қитъаи замин ба ихтиёраш дода шудааст. «Дар ин заминҳо чиниҳо пунбадона ва шолӣ кишт карда, ҳамчунин ин ширкат дар шаҳри Ваҳдат корхонаи тухмипарварӣ низ дорад», – иброз дошт вазир.

Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Қумсангири вилояти Хатлон боз ду ширкати муштараки Тоҷикистону Чин низ фаъолият доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.