Зинаи охири мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2016

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод-2016 дар шаҳри Санкт-Петербург зинаи охирро ишғол намуд. Дар вохӯрӣ барои ҷойи ҳафтум футболбозони тоҷик аз дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 2 бар 3 шикаст хӯрда, дар натиҷа зинаи ҳаштумро касб карданд. Зинаи 5-уми мусобиқаро футболбозони ҷавони Белорус ва зинаи 6-умро дастаи Латвия ишғол кард. Ёдрас мекунем, […]



Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод-2016 дар шаҳри Санкт-Петербург зинаи охирро ишғол намуд.

Дар вохӯрӣ барои ҷойи ҳафтум футболбозони тоҷик аз дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 2 бар 3 шикаст хӯрда, дар натиҷа зинаи ҳаштумро касб карданд. Зинаи 5-уми мусобиқаро футболбозони ҷавони Белорус ва зинаи 6-умро дастаи Латвия ишғол кард.

Ёдрас мекунем, ки дар се вохӯрии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Иттиҳод-2016 дастаи Тоҷикистон аз тими Русия бо ҳисоби 1 бар 2, аз дастаи Эстония бо ҳисоби 1 бар 4 ва Латвиия 2 бар 3 шикаст хӯрда буд.

Дар бозии финалии ин мусобиқа тими мунтахаби Русия дастаи Молдоваро бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб карда, соҳиби Ҷоми Иттиҳод-2016 гардид. Ба медалҳои биринҷии мусобиқа дастаи Эстония шарафёб гардид, ки дар бозӣ барои ишғоли зинаи сеюм бо тими Қирғизистон дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 4 бар 1 ғолиб омад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.