Ёқуб Салимов аввали тобистон ба озодӣ мебарояд

Собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Ёқуб Салимов, ки соли 2005 бо ҳукми Суди олии ҷумҳурӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, аввали тобистони соли ҷорӣ ба озодӣ мебарояд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, бо назардошти мавриди амал қарор гирифтани қонуни афв нисбати Ёқуб Салимов, ӯ […]



Собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Ёқуб Салимов, ки соли 2005 бо ҳукми Суди олии ҷумҳурӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, аввали тобистони соли ҷорӣ ба озодӣ мебарояд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, бо назардошти мавриди амал қарор гирифтани қонуни афв нисбати Ёқуб Салимов, ӯ тахминан ахири моҳи май – аввали моҳи июн озод карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар нишасти хабарии рӯзи 18 январ раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки Суди олии Тоҷикистон ҳукми худ аз 24 апрели соли 2005 нисбати собиқ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Ёқуб Салимовро тағйир надодааст.

Дар ҳамин ҳол, Шоҳиён қайд кард, ки муҳлати анҷоми ҷазои Ёқуб Салимовро, ки ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, саҳеҳ намедонад. «Аз Вазорати адлия пурсед», – маслиҳат дод ӯ ба журналистон.

Маврид ба ёдоварист, ки 30 январи соли гузашта зимни нишасти хабарӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ зикр гардида буд, ки аз муҳлати ҳабси собиқи вазири корҳои дохилӣ Ёқуб Салимов, ки бо қарори Суди олӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо назардошти татбиқи афв нисбати ӯ қариб як сол боқӣ мондааст. Он замон дар Прокуратураи генералӣ эҳтимол дошта буданд, ки Ёқуб Салимов нимаи моҳи декабри соли 2015 ба озодӣ мебарояд.

Соли 1997 Ёқуб Салимов ба кӯшиши анҷом додани табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ айбдор шуда, кишварро тарк кард, аммо соли 2003 дар Русия боздошт ва баъди чанде ба Душанбе истирдод карда шуд.

Мурофиаи судии пӯшида нисбати Ёқуб Салимов 5 моҳ идома ёфта, 24 апрели соли 2005 Суди олӣ ӯро ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ӯ ба хиёнат ба ватан дар шакли суиқасд бо мақсади ғасби ҳокимият, бандитизм, суистифода аз мақоми хизматӣ айбдор дониста шуда, бо қарори суд аз ҳамаи рутбаҳои ҳарбӣ ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1993) Ёқуб Салимов фармондеҳи яке аз отрядҳои Фронти халқӣ буд. Пас аз оштишавӣ моҳи декабри соли 1993 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъкин шуд. Соли 1995 аз ин мансаб барканор шуда, ба ҳайси сафир ба Туркия фиристода шуд, ки дар он ҷо беш аз як сол фаъолият дошт. Пас аз бозгашт ба Душанбе то соли 1997 ӯ ба Кумитаи гумруки ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.