АНМН: Мусодираи 150 кило маводи мухаддир дар доираи як амалиёти бузургмиқёс

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ дар доираи як амалиёти муваффақонаи бузургмиқёси зиддимухаддиротӣ, ки моҳи ноябри соли 2015 оғоз шуда буд, як гурӯҳи навбатии муташаккили нашъаҷаллобонро безарар гардонида, ҳаҷми калони маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, амалиёт дар якчанд марҳила бо усули “харидории санҷишӣ” анҷом ёфта, […]



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ дар доираи як амалиёти муваффақонаи бузургмиқёси зиддимухаддиротӣ, ки моҳи ноябри соли 2015 оғоз шуда буд, як гурӯҳи навбатии муташаккили нашъаҷаллобонро безарар гардонида, ҳаҷми калони маводи нашъаоварро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, амалиёт дар якчанд марҳила бо усули “харидории санҷишӣ” анҷом ёфта, дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд гурӯҳи устувори муташакили ҷиноӣ безарар гардонида шуд, ки аз онҳо қариб 150 кг маводи нашъаовар (3 кило героин ва беш аз 146 кило ҳашиш) мусодира гардидааст.

Гуфта мешавад, аз тарафи аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша канали устувори интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Россия ба роҳ монда шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, санҷиши пешакӣ муайян намудааст, ки ба ҳайати гурӯҳ нашъаҷаллобоне шомил будаанд, ки ду нафари онҳо қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ суд шуда буданд. Яке аз аъзоёни фаъоли гурӯҳ як сол қабл ба озодӣ баромада, ба зудӣ ба гурӯҳи ҷиноятпеша пайвастааст.

Кайд мешавад, ки рӯи ин мутобиқи моддаи 200 қ. 4 (муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ё моддаи психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дастгиршудагон дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ гузаронида шуда истодаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.