Таҳкими ҳамкориҳои Душанбе ва Лондон дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Ҳю Стенли Филпотт мулоқот доир намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳои ду кишвар дар самти мубориза бар зидди таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Ҳю Стенли Филпотт мулоқот доир намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳои ду кишвар дар самти мубориза бар зидди таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва савдои одамон табодули афкор намуданд.

Дар робита ба ин вазири корҳои дохилӣ ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ ва гирифтани пеши роҳи терроризм, кочоқи воситаҳои нашъадор ва дигар намуди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид намуд.

Зикр гардид, ки мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаҳои муқовимат бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори дорои алоқаҳои байналмилалӣ, ҳамеша яке аз вазифаҳои асосии мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон, ки дар сафи пеши мубориза бар зидди маводи мухаддир ҷой дорад, чораҳои ҳаматарафаро дар ин самт меандешад.

Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби дар навбати худ изҳор намуд, ки «Бартараф намудани тамоми ин оқибатҳо танҳо дар сурати ҳамкорӣ ва кӯшишҳои муштараки байналмилалӣ имконпазир мебошад ва ман боварӣ дорам, ки ҳамкории ду кишвар дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ боз ҳам васеъ ва мустаҳкам хоҳад гардид»

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.