Афсари пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иван Шербаков, ки аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар қатли як зан, сокини 22-солаи Душанбе боздошт шуда буд, рӯҳан солим дониста шуд.
Иван Шербаков дар шаҳри Екатеринбурги Русия
аз ташхиси судии рӯҳӣ гузашта
, ояндаи наздик ба Душанбе оварда мешавад. Дар назар аст, ки мурофиаи додгоҳии ин парванда ба таври кушода баргузор мешавад.
Ба тафтиши ин ҳодиса гурӯҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия ҳамроҳ бо раҳбарияти пойгоҳи низомии 201-ум машғуланд.
Шербаков ба қатли сокини шаҳри Душанбе Шоира Ҷобироваи 22-сола, ки 5 ноябри соли гузашта рух дода буд, айбдор карда мешавад. Он замон
иттилоъ дода шуд,
ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия дар ҳамдастӣ бо раҳбарияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар фурсати кӯтоҳтарин сабабҳои куштори зани маҳаллӣ аз ҷониби афсари пойгоҳи низомӣ Иван Шербаковро ошкор намуданд.
Ҳамчунин зикр гардида буд, ки хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков, ки
ба қатли як зани тоҷик
Шоира Ҷобироваи 22-сола гумонбар дониста мешавад,
ба тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и
№1-и шаҳри Душанбе интиқол гардида, то ахири тафтишт – 6 январи соли 2016 дар он ҷо қарор хоҳад дошт.
Дар ин бора қаблан
Радиои Озодӣ
бо истинод ба манбаъҳои наздики худ ба тафтишот иттилоъ дода буд.





