Кумаки БОР ва ИА ба камбуди буҷети Тоҷикистон дар соли гузашта

Барои рӯйпӯш сохтани камбуди буҷети давлатӣ дар соли гузашта Бонки осиёгии рушд (БОР) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба Тоҷикистон кумак карданд. Муовини авали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки сустшавии суръати рушди иқтисод дар кишварҳои шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон дар соли гузашта ва коҳиши ҳаҷми интиқоли […]

ASIA-Plus



Барои рӯйпӯш сохтани камбуди буҷети давлатӣ дар соли гузашта Бонки осиёгии рушд (БОР) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба Тоҷикистон кумак карданд.

Муовини авали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки сустшавии суръати рушди иқтисод дар кишварҳои шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон дар соли гузашта ва коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ ба кам шудани воридшавии воситаҳо ба буҷети ҷумҳурӣ боис гардид.

«Танҳо аз ҳисоби коҳиши ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ соли гузашта ба буҷет 581 млн. сомонӣ камтар аз нақша маблағ ворид шуд. Ҳамчунин нақшаи ҷамъоварии баъзе навъи андозҳо, аз ҷумла ААИ ба маблағи умумии 421 ҳазор сомонӣ низ иҷро нашуд», – иброз дошт муовини аввали вазири молия.

Ӯ қайд кард, ки ахири соли гузашта барои дастгирии буҷети ҷумҳурӣ БОР дар ҳаҷми 60 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард, ки 53,4 млн. доллари ИМА ҳамчун грант ва 6,6 млн. доллари ИМА ба сифати қарзи имтиёзнок пешниҳод гардида, боз Иттиҳоди Аврупо низ 6 млн. евро ихтисос дод. «Ин воситаҳо имкон доданд, ки буҷет дар ҳаҷми 0,5% барзиёд иҷро шавад», – афзуд Ҷ.Каримзода.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта аз ҳисоби сарчашмаҳои пешбинишуда ба буҷети Тоҷикистон ҳудуди 600 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.