Боз 15 тоҷикистонӣ ҳукми худ дар Чинро интизоранд

Боз 15 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар қаламрави Чин дастгир шудаанд, ҳукми худро дар зиндонҳои ин кишвар мунтазиранд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки барои истирдоди онҳо ба ватану адои ҷазо дар маҳбасҳои Тоҷикистон ва ё содир […]

Аваз Юлдошев



Боз 15 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар қаламрави Чин дастгир шудаанд, ҳукми худро дар зиндонҳои ин кишвар мунтазиранд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки барои истирдоди онҳо ба ватану адои ҷазо дар маҳбасҳои Тоҷикистон ва ё содир шудани ҳукми ҳабси абад ба ивази ҳукми қатл  нисбати онҳо, Душанбеи расмӣ тавассути ҳамаи роҳу воситаҳои дипломатӣ талош меварзад.

Ӯ қайд кард, ки дар масъалаи шаҳрванди Тоҷикистон Ҳасан Юсуфов, ки чанд рӯз қабл дар Чин нисбаташ барои гуноҳи даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳукми қатл ба иҷро расид, ВКХ Тоҷикистон танҳо моҳи декабр ба ҷониби Чин бо дархости бекор кардани ҳукми қтл ду ёддошт (нота) фиристодааст. «Аммо талошҳои мо бенатиҷа анҷом ёфта, ҳукми қатл ба иҷро расонида шуд», – иброз дошт ӯ.

Вазир аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқими қаламрави кишварҳои хориҷианд, даъват ба амал овард, ки дар макони кору таҳсил ва иқомат қонунҳои ин кишварҳоро риоя намоянд.

Ёдрас мекунем, ки Ҳасан Юсуфов, соҳибкори тоҷик, панҷ сол пеш дар Урумчӣ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда, ба ҳукми қатл маҳкум гардид. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуда буд, ки тамоми талошҳо барои тағйири ҳукми қатли Ҳасан Юсуфов дар Урумчии Чин бенатиҷа анҷом ёфта, 

эъдоми ӯ субҳи рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта 

сурат гирифт.

Тобути Ҳасан Юсуфов – соҳибкори тоҷик, ки ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир аз сӯи мақомоти Чин ба қатл расид, рӯзи 2 феврал аз Урумчӣ ба Душанбе

интиқол дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст