C.Аслов: Душанбе муносибатҳояш бо Теҳронро ба сардӣ гароиданӣ нест



– Дар робита ба қазияе, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ раиси Ҳизби дар кишвари мо ифротгаро эътирофшудаи наҳзати исломӣ ба конфронс дар Теҳрон даъват шуд, Тоҷикистон муносибатҳояш бо Эронро ба сардӣ гароиданӣ нест, – иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов.

Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳанӯз ахири моҳи сентябри соли гузашта тариқи воситаҳои дипломатӣ шарикони сиёсати хориҷии худро аз фаъолияти террористии ҲНИТ, нақши ин ҳизб ва пешвои он дар ташкили исёни мусаллаҳонаи моҳи сентябр огоҳ карда буд.

«Бо вуҷуди ин, Теҳрон М.Кабириро ба конфронси байнулмилалии «Ваҳдати исломӣ» даъват карда, ӯро барои нишастан дар паҳлӯи намояндагони ҳайати расмии Тоҷикистон роҳнамоӣ кард», – қайд кард вазир.

Дар идома С.Аслов гуфт: «Дар ёддошти худ мо ба Эрон хотиррасон кардем, ки дар кори мубориза бо терроризм набояд ба ҳеҷ гуна сиёсати меъёрҳои дугона роҳ дод».

Раиси идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон изҳори бовар кард, ки «минбаъд Теҳрон муносибат бо террористон ва ҳукумати расмии Тоҷикистонро ба як паҳлӯи тарозу намегузорад».

spot_imgspot_img

Популярное