Ишораи коршиносон ба фарқ миёни пешгӯиҳои ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалӣ



Дар гузориши «Шароити қолабӣ ва маблағгузорӣ ба рушди бахшу хусусӣ дар Тоҷикистон» (FFPSD/GREAT), ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) омода шудааст, қайд мешавад, ки тайи се соли ахир дар пешгӯиҳои иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ва ниҳодҳои молии байнулмилалӣ фарқ ба мушоҳида мерасад.

«Дар ҳоле ки пешгӯиҳои созмонҳои байнулмилалӣ рӯ ба поинравианд, пешгӯиҳои расмии иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи баланд боқӣ мемонанд», – таъкид месозанд коршиносон.

Қайд мешавад, ки пешгӯиҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон  пас аз буҳрони молии сартосарии солҳои 2007-2008 ва сустшавии назаррасии суръати рушд дар соли 2009 ба таври кофӣ эҳтиёткорона буданд.

«Давоми солҳои 2010-2012 пешгӯиҳои ҳамаи ташкилотҳо нисбат ба суръати воқеъии рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар Тоҷикистон пасттар буданд. Пешгӯиҳои соли 2013 аз ҳама бештар ба воқеъият наздиктар буданд», – гуфта мешавад дар гузориш.

Мутобиқи пешгӯиҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, соли 2016 ҳаҷми рушди ММД – 7%-ро ташкил дода, нигаҳдории тавррум низ дар ҳамин сатҳ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, Бонки осиёгии рушд (БОР) ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистон дар соли 2016-ро дар сатҳи 4,2%, сатҳи таваррум – 7%; Бонки аврупоии таҷдиду рушд ҳаҷми афзоиши ММД Тоҷикистон дар соли 2016-ро дар сатҳи 4,5%; Хазинаи байнулмилалии асъор рушди ММД Тоҷикистон дар соли равонро дар сатҳи ҳамагӣ 3,4% ва мизони таваррумро – 8,2% пешгӯӣ мекунанд.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ сатҳи рушди ММД Тоҷикистон дар соли 2016-ро – 4,8% ва мизони тавррумро – 7,5% пешгӯӣ кардаанд.

spot_imgspot_img

Популярное