ВКД далели боздошти кормандонаш ба гумони нашъаҷаллобиро рад мекунад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти имрӯз дар чанде аз ВАО интишоршуда дар бораи боздошти чор нафар кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро рад мекунад. Дар маълумоти сомонаи расмии Вазорат дар ин робита қайд мешавад, ки «хабари рӯзи 22-юми феврали соли равон дар сомонаҳои интернетӣ пахшшуда оиди он, […]



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти имрӯз дар чанде аз ВАО интишоршуда дар бораи боздошти чор нафар кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро рад мекунад.

Дар маълумоти

сомонаи

расмии Вазорат дар ин робита қайд мешавад, ки «хабари рӯзи 22-юми феврали соли равон дар сомонаҳои интернетӣ пахшшуда оиди он, ки гӯё  4 нафар кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор дастгир гардидаанд, асосӣ воқеӣ надошта, бе ягон далелу асос нашр карда шудаанд».

Дар сомона ин изҳорот аз номи сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ генерал-майори милитсия Рустамзода М.К. ба нашр расидааст.

Ёдрас мекунем, ки нимаи ававли имрӯз

иттилоъ дода шуда буд

, ки кормандони КДАМ дар ҳамдастӣ бо марзбонон рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта зимни интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддири ҳашиш ба Душанбе аз ноҳияи Шӯроободи ҳаммарз бо Афғонистон чор нафар кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро боздошт намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.