Дар Ӯзбекистон сохтмони роҳи роҳи оҳани пайвасткунандаи қисмати ғарбӣ ба қисмати шарқии кишвар бидуни убури қаламрави Тоҷикистон ба итмом расид. Роҳи оҳани нави барқии «Ангрен-Поп» бо масофаи 123 километр тариқи ағбаи Қамчиқ қад-қади марзи шимолӣ бо Тоҷикистон мегузарад.
Бино ба
маълумоти
ширкати роҳи оҳани Ӯзбекистон «Ӯзбекистон темир йӯллари», дар ин иншооти бузурги сохтмонӣ дар ҳаҷми 43 млн. метри мукааб корҳои заминӣ, 16,3 млн. метри мукааб – корҳои пармакунӣ ва тарконидан ба иҷро расонида шуда, 285 иншооти интиқоли об (водопоровод) ва зербинои роҳ, 4 истгоҳи роҳи оҳан, 4 гузаргоҳ, ду вокзал, 19,1 километр нақб, пулҳо бо масофаи умумии 2,1 ҳазор метр сохта шудааст.
Қаблан
зикр гардида буд
, ки арзиши сохтмони ин хатти роҳи оҳан, ки водии Фарғона (вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона)-ро бо қисмати боқимондаи Ӯзбекистон пайваст месозад, 1,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
То ифтитоҳи ин хатти роҳи оҳан Ӯзбекистон муддати беш аз 7 сол боркашонӣ ба водии Фарғонаро ба воситаи нақлиёти автомбилӣ тариқи ағбаи Қамчиқ анҷом медод, ки арзиши аслии маҳсулотро бамаротиб боло мебурд.
Тариқи транзит бо роҳи оҳан тавассути вилояти Суғди Тоҷикистон танҳо маводи сӯзишворӣ кашонида мешавад.
Солҳои пешин қариб ҳамаи боркашониҳо ба вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона бо транзит тавассути қаламрави вилояти Суғд амалӣ мешуд, ки аз ин ҳамасола Ӯзбекистон ба Тоҷикистон то 25 млн. доллари ИМА маблағ пардохт мекард.
Қобили зикр аст, ки қаблан Ӯзбекистон шохаҳои роҳи оҳан низ сохта буд, то тариқи транзит қаламрави Туркманистон ва Қазоқистонро убур накунад.





