Мураббии сари кӯдакро бурида ба гуноҳаш иқрор шуд

Суди Пресненскии шаҳри Маскав дар бораи ба муддати ду моҳ, то 29 апрел ба ҳабс гирифтани Гулчеҳра Бобоқулова, ки рӯзи 29 феврал духтарчаи 4-соларо ба қатл расонид, қарор қабул кард. Ба гуфтаи судя, Бобоқулова шаҳрванди Ӯзбекистон буда, дар Маскав ғайриқонунӣ қарор доштааст ва аксаран дар хонае, ки кӯдакро кушт, зиндагӣ мекардааст. Зикр мегардад, ки дар […]



Суди Пресненскии шаҳри Маскав дар бораи ба муддати ду моҳ, то 29 апрел ба ҳабс гирифтани Гулчеҳра Бобоқулова, ки рӯзи 29 феврал духтарчаи 4-соларо ба қатл расонид, қарор қабул кард.

Ба гуфтаи судя, Бобоқулова шаҳрванди Ӯзбекистон буда, дар Маскав ғайриқонунӣ қарор доштааст ва аксаран дар хонае, ки кӯдакро кушт, зиндагӣ мекардааст. Зикр мегардад, ки дар сурати чораи дигари нисбатан сабуктар андешидан, зан метавонад пинҳон шавад ва ҳамчунин барои ҳаёту саломатии шахсони дигар хатар эҷод кунад.

Қобили зикр аст, ки қабл аз ҷаласаи суд зан ба саволи ба гуноҳаш иқрор шудан мусбат посух дода, ба саволи дилаш сӯхтан ба духтарча манфӣ сар ҷунбонидааст. Аз паси панҷара Бобоқулова табассум карда, ба рӯзноманигорон дастафшонӣ ва ба ҳама салом гуфтааст.

Гулчеҳра Бобоқуловаро пулиси Русия рӯзи 29 феврал бо сари буридаи кӯдак ва нидои “Аллоҳ Акбар!” дар назди истгоҳи метрои Маскав дастгир кард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин зан, ки либоси сиёҳ дар тан ва рӯймоли исломӣ дар сар дошт, ба гуфтаи шоҳидон, “Аллоҳ Акбар!” гӯён нидо мекард ва каллаи кӯдаки кушташударо алвонҷ медод.  Баъди чанд лаҳза пулис ин занро ба замин хобонда, дастгир кард.

https://www.youtube.com/watch?v=7jbl5ySsIpY

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.