Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сироҷиддин АСЛОВ ва Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такашӣ КАМАДА санаи 3 марти соли 2016 Ёддошти Тафоҳум оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизот барои нигоҳдории роҳҳо дар вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо намуданд.
Баҳри амалӣ сохтани лоиҳаи мазкур, Хукумати Ҷопон тавассути Оҷонсии ҳамкориҳои байналмилали Ҷопон (JICA) ба Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,992,000,000 Йенаи Ҷопонӣ (баробар ба 17,5 миллион доллари ИМА аз рӯи қурби $1 = 113.66 Йенаи Ҷопонӣ) ҷудо менамояд. Ба воситаи лоиҳаи мазкур корхонаи асфалтбарорӣ насб гардида таҷхизоти муосир барои нигоҳдории роҳҳо, минҷумла шиббаи ғелон, ғалтаки ларзишӣ ва мошини асфалтсоз, пешниҳод мешавад.
Вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлон манотиқи хадафманди лоиҳа мебошанд, ки дар ҳудуди онҳо 3,6 миллион одам ҳаёт ба сар мебарад. Таҷҳизот барои таъмири роҳҳо ба ихтиёри корхонаҳои давлатии нақлиётии ин манотиқ вогузор мешавад, ки дар маҷмӯъ шабакаи 500 км роҳҳоро дар бар гирифта бо кишварҳои ҳамсоя алоқаманд ҳастанд. Шабакаҳои роҳҳо дар воридоти ашёи байналмилалӣ ва дохилӣ нақши муҳим мебозанд. Вале номусоид будани шароити роҳҳо, ки аз харобии роҳҳо ва кифоя набудани корҳои таъмирии вобаста ба набудани таҷҳизоти хизматрасонӣ бармеоянд, барои вориди ашёи равон ба ин манотиқ аз кишварҳои ҳамсоя монеъа гаштаанд.
Дар чунин вазъият Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2014 ба Ҳукумати Ҷопон бо дархост оид ба кӯмаки бебозгашт барои дастрас намудани таҷхизоти тармими роҳҳо, тоза кардани барф ва таъмири зиён аз офатҳои табиӣ бо ҳамроҳ кардани мошини асфалтсозӣ, муроҷиат намуд.
Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.
Ҳамкорӣ байни Ҷопон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф густариш меёбад.
Аз ҷумла дар соҳаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, Ҷопон аз соли 1996 то ҳол ба маблағи 23,5 миллиард Йена (анқариб 200 миллион доллари ИМА) кӯмакҳои бебозгашт намудааст. То имрӯз лоиҳаои зиёд, хоса дар бахши зерсохтор ва рушди деҳот, мунтазам амалӣ мегарданд, Бо оғоз ёфтани лоиҳаи фавқуззикр, кӯмакҳои расмии Ҷопон оид ба рушд боз ҳам тақвият меёбанд.





