Ифтитоҳи маркази нави Бонки Эсхата дар Хуҷанд

Иттилоияи расмӣ



Санаи 1- уми марти соли ҷорӣ маркази нави хизматрасонии Бонки Эсхата дарҳои худро барои мизоҷон боз намуд. Сохтори мазкур дар маркази Хуҷанд, рӯ ба  рӯи маркази савдои Анис ҷойгир шудааст. Минбаъд ин сохтори бонкӣ талаботи мизоҷон ва сокинони маркази шаҳро ба хизматрасониҳои бонкӣ батезӣ қонеъ хоҳад кард.

Ба ҳайати кормандони марказ кормандони ботаҷрибаи бонк, ки тӯли солҳои зиёд дар Бонки Эсхата  кору фаъолият мебаранд шомил гардидаанд. Марказ дорои ороиши замонавӣ буда, бо техникаи зарурии ташкиливу корӣ таъмин карда шудааст. Дар маросими кушодашавии МХБ роҳбарияти бонк, кормандони Департаменти қарзӣ  ва кормандони худи марказ иштирок намуданд.

Раиси Раёсати Бонк Хуршед Носиров дар баромади худ қайд намуд: «Маркази хизматрасонии мазкур боз як қадам барои иҷрои вазифаи асосӣ, наздик шудан ба мизоҷон аст. Ман кормандони марказро бо ифтитоҳи сохтори бонкӣ ва оғози кор дар ҷои нав табрик мекунам. Итминон дорам, ки фаъолияти марказ рӯз аз рӯз пеш меравад. Ба Шумо муваффақият, рӯзи хуш ва сарҷамъиро таманно дорам. Боварӣ дорам, ки ба яке аз марказҳои рушдкунандаи Бонки Эсхата мубаддал мегардед!»

Бояд қайд намуд, ки Маркази нав мутобиқ ба нақшаи тасдиқшуда ва стратегияи Идораи амалиётии Бонки Эсхата ташкил гардид. Ин сохтор омода аст, ки хизматрасониҳои асосии бонкӣ аз қабили интиқоли пулӣ, намудҳои гуногуни қарз, мубодилаи асъор ва ғайраҳоро ба мардум бо сифати баланд расонад.

Умуман имрӯз шабакаи сохтории Бонки Эсхата дар ҳудуди кишвар 23 филиал, 261 маркази хизматрасонии бонкӣ ва наздик 417 нуқтаи интиқоли пулӣ дорад.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...