Миллиардери эронӣ ба қатл маҳкум шуд

ASIA-Plus



Суди Эрон миллардер Бобаки Занҷонӣ ва ду нафар ҳаммаслаки ӯро ба иттиҳоми фасод дар замин ба қатл маҳкум кард. Дар ин бора бо истинод ба намояндаи суд  Ғуломмуҳсин Эжеӣ Reuters хабар медиҳад.

«Нисбати Бобаки Занҷонӣ ва боз ду нафар айбдоршаванда дар парвандаи марбут ба нафт ҳукм содир шуд, суди зинаи аввал онҳоро дар ҷиноят алайҳи Худо ва давлат айбдор медонад», – овардааст гуфтаҳои Эжеиро РИА Новости.

Суд ҳамчунин қарор кардааст, ки воситаҳои дуздидашуда баргардонида шаванд, аз ҷумла ба Ширкати миллии нафти Эрон, вале маблағ мушаххас гуфта нашудааст.

Дар мусоҳиба ба яке аз нашрияҳои эронӣ Занҷонӣ иброз доштааст, ки дорои қариб 10 млрд. доллари ИМА аст, ки дар муомилоти нафтӣ бо Туркия, АМА ва Малайзия кор кардааст.

Занҷониро 30 декабри соли 2013 баъди даъвати 12 аъзои парлумон аз ҳукумат ҷиҳати тафтиши фаъолияти молиявии ӯ ба ҳабс гирифтанд. Занҷониро ба фасод гумонбар медонистанд.

Пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати Ширкати миллии нафтии Эрон, ба кишвар идомаи содироти нафт зарур буд. Ширкат ба Занҷонӣ дастур дод, ки нафти мутааллиқ ба ширкат ба маблағи ҳудуди 3 млрд. доллари ИМА-ро содирот намояд. Занҷонӣ ҳеҷ гуна кафолате пешниҳод накард, ки ин қонуншиканӣ маҳсуб меёбад.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...