Семинари Иттиҳоди Аврупо дар самти ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ

Иттилоияи расмӣ



Лоиҳаи кӯмаки техникии Иттиҳоди Аврупо (ИА) «Дастгирии самтҳои алоҳидаи соҳаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ” дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Банақшагирии сармоягузорӣ: вазъи ҷорӣ, монеаҳо ва мушкилот. Маҳзани макроиқтисодӣ” семинар баргузор намуд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, чорабинии мазкур барои роҳбарон ва мутахассисони раёсат ва шўъбаҳои банақшагирӣ ва соҳавии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин факултаи молияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон пешкаш гардид, ки дар он зиёда аз 40 нафар мутахассисони масъулиятдори вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Дар семинар як қатор масоил вобаста ба банақшагирии сармоягузорӣ ва ташаккули маҳзани макроиқтисодӣ, аз ҷумла, презентатсияҳо дар мавзӯъҳои воситаҳои арзёбии хароҷоти сармоявӣ, таҳлили ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ барои сохтмони асосӣ, раванди арзёбии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Иттиҳоди Аврупо, рушди доираи макроиқтисодӣ ва рушди маҳзани умумии макроиқтисодӣ муҳокима карда шуд.

Мушовирони лоиҳа барои муҳокима як қатор масъалаҳоро пешниҳод намуданд, ки ҳолати амалкунандаи раванди ташаккул ва иҷрои Буҷети давлатиро дар самти маблағгузории хароҷоти асосӣ тавсиф ва монеаҳои душвориҳои мавҷудбудро шарҳ менамоянд. Инчуни тавсияҳои муфид оди ба беҳтар намудани низом, асноди баҳогузории лоиҳаҳои саромягузорӣ дар марҳилаи ибтидоӣ ва намунаҳо аз таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ пешниҳод карда шуданд.

Дар самти такмили сиёсати макроиқтисодӣ аҳамияти тавозуни нишондодҳои байнисоҳавие, ки минбаъд дар дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ истифода мешаванд, мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар доираи фаъолияти мазкур маҳзани ягонаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ташаккул хоҳад ёфт.

Дар ҷараёни муҳокима иштирокчиён ба масоили интихоб ва арзёбии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, роҳҳои беҳтар ва соддагардонии расмиёт таваҷҷуҳи баланд зоҳир намуданд. Вобаста ба механизми танзими самаранок ва ҳисоби тавозуни пардохт дар кишвар, мутахассисони Агентии омори низдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки услуби ягонаи ҳисоби нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни раванди мазкур истфода карда шавад.

Кӯмаки техникии Лоиҳа дар самти таҳияи тавсияҳо оид ба такмили системаи сармоягузории буҷет ва маҳзани макроиқтисодӣ, аз ҷумла такмили заминаи меъёрӣ чиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои Стратегияи ИМД (2015-2018) идома дода мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.