Тағйироти кадрӣ дар Прокуратураи генералӣ, ВКД ва Кумитаи андоз

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшуда дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистонро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷ ва дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон сардори Раёсати […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшуда дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистонро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷ ва дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон сардори Раёсати ташкили кор ва назорати иҷрои Прокуратураи генералии ҶТ ва муовини якуми прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардиданд.

Инчунин прокуророни ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, ноҳияҳои Конибодому Зафарободи вилояти Суғд ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин карда шуданд.

Ба вазифаи сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияҳои Фирдавсию Шоҳмансури шаҳри Душанбе, шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Қубодиён ва Ҳамадонии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Гулистон  ва Бӯстони вилояти Суғд ва ноҳияи Дарвози ВМКБ кадрҳои ҷавону корозмуда таъин гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда, онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиро дар мадди аввал гузошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.