Низомиёни тоҷику рус ҷангиёнро дар доманакӯҳи Помири Шарқӣ нобуд карданд

Дар доираи размоиши низомии артишҳои Тоҷикистону Русия хизматчиёни ҳарбии воҳиди иктишофӣ (разведка) ва тирандозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо низомиёни воҳиди таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дастаи бузурги шартии ғайриқонунии мусаллаҳро дар доманакӯҳи Помири Шарқӣ нобуд карданд. Ба қавли намояндаи расмии Ҳавзаи марказии низомии Русия Ярослав Рошупкин, дар ҷараёни баргузории амалиёт […]

ASIA-Plus



Дар доираи размоиши низомии артишҳои Тоҷикистону Русия хизматчиёни ҳарбии воҳиди иктишофӣ (разведка) ва тирандозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо низомиёни воҳиди таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дастаи бузурги шартии ғайриқонунии мусаллаҳро дар доманакӯҳи Помири Шарқӣ нобуд карданд.

Ба қавли намояндаи расмии Ҳавзаи марказии низомии Русия Ярослав Рошупкин, дар ҷараёни баргузории амалиёт хизматчиёни ҳарбии ҳарду кишвар амалҳои муштараки тактикӣ оид ба ошкор намудан, ба муҳосира гирифтан ва нобуд кардани ҷангиёни шартиро, ки кӯшиши тасарруфи маҳаллаи аҳолинишини баландкӯҳ ва гаравгонгирии сокинони онро доштанд, ба иҷро расониданд.

«Бо дастгирии авиатсия ва техникаи зиреҳпӯш, истифода аз шароитҳои релефи кӯҳӣ ва ҳамчунин омили ногаҳонӣ, ба воҳидҳои низомии муштарак муяссар шуд, ки ин гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳро муҳосира ва нобуд созанд», – қайд кардааст Рошупкин.

Гуфта мешавад, дар ин амалиёт аз ҳарду ҷониб беш аз 200 нафар хизматчиёни ҳарбӣ иштирок карда, ҳамчунин ҳудуди 20 адад техникаи низомӣ ва махсус сафарбар шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.