Гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Интурмаркет-2016

Аз 19 то 22 марти соли 2016 дар шаҳри Маскави Русия намоишгоҳи байналмилалии туристии Интурмаркет – 2016 баргузор мегардад. Намоишгоҳ дар майдони 28000 метри муррабаъ, 1430 адад  иштироки ширкатҳои сайёҳӣ, 78500 иштирокчӣ ва аз 143 кишвар дар назар дошта шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ,  дар ин […]

ASIA-Plus



Аз 19 то 22 марти соли 2016 дар шаҳри Маскави Русия намоишгоҳи байналмилалии туристии Интурмаркет – 2016 баргузор мегардад. Намоишгоҳ дар майдони 28000 метри муррабаъ, 1430 адад  иштироки ширкатҳои сайёҳӣ, 78500 иштирокчӣ ва аз 143 кишвар дар назар дошта шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ,  дар ин ҳамоиши бузурги сатҳи байналмилалӣ ташкили гӯшаи туристии Тоҷикистон зери шиори «Тоҷикистон – кишвари туризм» бо масоҳати 10 метри мураббаъ ба маърази тамошои дӯстдорони сайру сайёҳат ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар доираи ин намоишгоҳ намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, сафорати Тоҷикистон дар Русия Россия, 6 ширкатҳои туристии ватанӣ, ҶДММ ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр», меҳмонхонаи «Душанбе-Серена» ва  ҶДММ маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» ва васоити ахбори оммаи ватанӣ маводҳои таблиғотии худ ва захираҳои бойи туристии кишварро муаррифӣ менамоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки намоишгоҳи мазкур аз соли 2006 инҷониб дарҳои худро барои дӯстдорони сайру сайёҳат боз намудааст. Тибқи маълумотҳо теъдоди зиёди иштироки ширкатҳои туристии Русия ва хориҷи кишвар нисбат ба солҳои гузашта бинобар сабаби вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷаҳон дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳи мазкур ташкили хатсайрҳои нави туристӣ барои ҷалби сайёҳон аз Русия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.