Душанбе ва Исломобод масоили таъмини амнияти минтақаро баррасӣ карданд

Дар доираи сафари расмӣ ба Исломобод раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ёвари нахуствазири Покистон оид ба сиёсати хориҷӣ Ториқ Фотимӣ дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки густариши муносибатҳои шарикӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба, аз ҷумла таҳкими робитаҳои сиёсию иқтисодӣ […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари расмӣ ба Исломобод раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров

бо ёвари нахуствазири Покистон оид ба сиёсати хориҷӣ

Ториқ Фотимӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки густариши муносибатҳои шарикӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба, аз ҷумла таҳкими робитаҳои сиёсию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақа аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

«Бо мақсади густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ҷониби Покистон аз дархости кишвари мо барои пайвастан ба Созишномаи чаҳорҷониба оид ба ҳамлу нақли транзитӣ байни Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Покистон ҷонибдорӣ намуд. Умед дорем, ки дар ин самт иқдомҳои мушаххас гирифта мешаванд», – иброз дошт Ш.Зуҳуров.

Барои мусоидат ба рушди тиҷорат ва ҳамлу нақл байни ду кишвар ва минтақа ҳар ду ҷониб ҳамкории худро бо Афғонистон ҷиҳати ҳарчи зудтар мувофиқа ва ба имзо расонидани Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ тасдиқ намуданд. Ин Созишнома, пеш аз ҳама, барои эҳёи иҷтимоию иқтисодии Афғонистон муҳим аст ва нақши транзитӣ ва ҷойгоҳи ин кишварро дар арсаи минтақа низ боло мебарад.

Дар навбати худ ёвари нахуствазири Покистон қайд кард, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон дар бахши амнияти минтақавӣ низ дар баробари тақвияти дигар соҳаҳо дар ҳолати рӯ ба рушд буда, таъмини амният дар минтақа ба манфиати кишварҳои он, бахусус Тоҷикистону Покистон мебошад.

«Ҳукумати Покистон ҳамеша талош менамояд, ки қитъаи Осиё ба минтақаи амну субот мубаддал гардад, зеро оромии он таъминкунандаи зиндагии осоишта барои мардумони ҳамаи кишварҳо мебошад», – гуфт Ториқ  Фотимӣ.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дар доираи масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа ва ҷаҳон, вазъи Афғонистони ҳамсоя, мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир изҳори назар карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.